​Ироаи маърӯзаҳо дар доираи конфронс

Конфронси илмӣ - анъанавии донишҷӯён дар факултети тарбияи ҷисмонӣ низ доир гардид. Ин навбат чунин конфронс дар назди кафедраи омодагии дифои ҳарбӣ баргузор шуд.

"Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Ҳавасмандгардонии ҳайати шахсӣ ва тибқи ҷазоҳои интизомӣ" ва "Махсусиятҳои самтгирӣ дар маҳал" – ин мавзуъҳои меҳварие буданд, ки доир ба он дар кори конфронс маърӯзаҳо шунида шуд.

Иштирокчиён фаъолнокӣ нишон дода, перомуни мавзуъҳои баррасишаванда байни ҳам табодули афкор низ намуданд.

Бо муҳокима ва суолу ҷавоб пас аз ироаи маърӯзаҳо ба кори конфронс ҳунси ифтитоҳ бахшида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ