​Инкишофу таҳаввули забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар факултети иқтисодӣ бо ташаббуси кафедраи Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва бахшида ба Рӯзи омӯзгорон таҳти унвони “Инкишофу таҳаввули забони тоҷикӣ дар забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом , садорат ва устодони факултет иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки забон аз нишонаҳои асосии ҳастӣ ва ҳуввияти ҳар халқу миллат ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонро барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат унвон намудаанд.

Таъкид гардид, ки забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён шеъру гуфтор қироат шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ