​Инкишофи ақлӣ ва шахсияти кӯдак

Дирӯз донишҷӯёни факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ таҳти роҳбарии муаллимаи Ҳоҷибоева Р.М. ба мактаб ‐ интернати шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дарси намунавӣ дар мавзӯи “Кори психолог бо кӯдаконе, ки берун аз оила тарбия мегиранд”, ташкилу баргузор намуданд.

Аз тарафи донишҷӯён ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат машварат ва бозиҳои психологӣ доир ба хусусиятҳои инкишофи ақлӣ ва шахсияти кӯдак, ҳолатҳои эмотсионалӣ – иродавӣ, рушди равандҳои маърифатӣ, муошират бо ҳамсолону омӯзгорон ва нафарони бегона, хусусиятҳои фардӣ – психологӣ, ташаккул додани имкониятҳои ояндаи фаъолияти касбӣ, инкишофдиҳии доираи васеи шавқу ҳавасҳое, ки ҳаёти онҳоро руҳан ғанӣ мегардонанд, ташкил ва гузаронида шуд.

Ташкили чунин дарсҳо дар рушди шахсияти кӯдакони ниёзманд басо муҳиму зарур арзёбӣ мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ