​Ҳимоятгарони Ватан

Таҳти чунин унвон санаи 16 феврали соли равон бахшида ба 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо ташаббуси кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ бо мизи мудаввар бо иштироки васеи утодону донишҷӯён доир гардид.

Дар оғоз қайд гардид, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон беназир буда, 30 сол мешавад, ки Артиши миллӣ дар сохтмону таҳкими минбаъдаи давлати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ нақши муҳим ва рисолати худро бо сари баланд иҷро намуда меояд.

Ҳамчунин, донишҷӯи курси панҷуми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ Шаҳзода Сангинова дар мавзуи “Артиши миллӣ сипари боэтимоди Ватан” маърӯза кард. Мавсуф иброз дошт, ки сисолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди басо муҳими таърихӣ маҳсуб мешавад.

Баъдан аз ҷониби сармуаллими кафедраи омодагии дифои ҳарбии факултети тарбияи ҷисмонӣ, Муродҷон Ёдгоров доир ба таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартибу низом дар хизмати ҳарбӣ маълумот дода шуд.

Дар интиҳо байни иштирокчиён перомуни мавзуи баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ