Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ – Иҷлосияи сарнавиштсози миллат

Таҳти ин унвон бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус конфронси илмӣ-адабӣ баргузор шуд. Ин ташаббус бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 – умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд.

Дар конфронси мазкур мудири кафедра дотсент Ҷўраева Сарвиноз, ноибдекани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус сармуаллима Қайюмова Омина ва омўзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар доираи ин иқдом як қатор маърӯзаҳо шунида шуда, аз ҷониби донишҷӯён барномаи адабии пурмазмун манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ