​Иҷлосияи тақдирсоз ва мактаби Пешвои миллат

Таҳти ин унвон дар факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бо ташаббус устодони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Аюбов Ҳайётулло ва Аҳрорӣ Бузургмеҳр бо ҷалби донишҷӯёни гурӯҳи 201, 202 ҳамоиш бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ муаллими кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа. Ҳайётулло Аюбов оидитаҷлили иди пуршукӯҳ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои бузургитаърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик мебошад, ки дар таърихи тоҷиконнақши барҷастае дорад.

Тақдири давлат ва истиқлол қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват намуд.

Зикр гардид, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва меъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Дар идома сармуаллими кафедра Аҳрорӣ Бузургмеҳр баромад намуда, қайд намуд, ки санади муҳими қабулгардида ва қабули Қонун «Дар бораи гурезаҳо», ки дар қарорҳои Иҷлосияи таърихӣ қабул гардида будандёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сохтанд, ки роҳбарияти нави ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбаҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош доранд ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаиаввалиндараҷаи худ медонанд.

Дар анҷоми чорабинӣ донишҷӯёни факултет дар васфи ватандӯстиву хештаншиносӣ шеърҳову гуфторҳо қироат намуда, табъи ҳозиринро болида намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ