​Иҷлосияи сарнавиштсоз - бунёдгузори давлатдории миллӣ

Таҳти ин ном бо ташаббуси факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ аксия гузаронида шуд.

Дар маросими ифтитоҳи аксия ректори донишгоҳ проффесор Усмонзода Аюб Ислом иштирок намуданд.

Дар доираи аксияи мазкур ба устодону донишҷӯён варақаҳои иттилоотию тарғиботӣ оид ба таърихи ташкил ва аҳамияти баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шуд.

Ҳадаф аз ин ибтикор баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ доир ба рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар мисоли Иҷлосияи тақдирсоз ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини ризоияти миллӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ