​Иҷлосия ва низоми давлатдории миллӣ

Бо иқдоми факултети забонҳои хориҷӣ ба муносибати 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ва иштирокчии Иҷлосия, шаҳрвандии фахрии шаҳри Хуҷанд Муҳитдинов Ғаффорхон ширкат доштанд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом аҳли ҳузурро ба муносибати 30 – юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз табрик намуда, таъкид дошт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесабаб тақдирсоз унвон намекунанд, зеро Иҷлосияи мазкур тақдири мардуми тоҷикро муайян намуда, халқро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшидааст.

Гуфта шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкориро оғоз бахшида, ба рушди босуръат ва бесобиқаи соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Декани факултет профессор Абдуллоева М доир ба аҳамият ва нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза ироа намуда, фикру андешаҳои худро дар мавриди таъсири Иҷлосия ҷиҳати таъмини суботи сиёсӣ иброз дошт.

Иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандии фахрии шаҳри Хуҷанд Муҳитдинов Ғаффорхон перомуни рӯзномаҳои Иҷлосия, ки дар муайян намудани тақдири ояндаи миллати тоҷик ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат нақши тақдирсоз гузоштаанд, маърӯза намуд

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён шеъру сурудҳо пешкаши ҳозирин гашт.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Худоймерганов бо сурудҳои ҷаззобу пурмазмун табъи иштирокчиёни чорабиниро болидатар намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ