Иҷлосия ва нақши он дар таърихи давлатдории навини тоҷикон

Дар факултети санъати тасвири ва технология бо донишҷӯёни гурӯҳи 102, ихтисоси “Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Дизайн (графикӣ)” дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон” гузаронида шуд.

Дар машғулияти кушод мудири кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим ва устодон ширкат варзиданд.

Ба донишҷӯён оид ба нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таърихи баргузории он маълумоти муфассал дода шуд. Зикр шуд, ки бо шарофати гузаронидани иҷлосия дар ватани азизамон сулҳу субот озодиву бунёдкорӣ ва бародариву баробари барқарор гардид. Зимни баррасии мавзуъ таъкид рафт, ки дар таърих воқеаҳои ҳастанд, ки бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд ва баргузорӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри таърихии Арбоб дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик аз зумраи он ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар раванди дарс навори видеоӣ аз таърихи баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Баъдан донишҷӯён дар васфи Ватан, Пешвои миллат шеърҳо қироат намуданд.

Дар интиҳои машғулият перомуни мавзуи баррасишаванда мубодилаи афкор ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ