​Иҷлосия таърихӣ ва низоми давлатдории миллӣ

Дар Муассисаи ғайридавлатии гимназияи “Кавсар”-и шаҳри Хуҷанд бо таҷрибаомӯзони курси 5-уми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ, шуъбаи рӯзонаи факултети таърих ва ҳуқуқконференсияи илмӣ - амалӣбахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид.

Директори муассиса З.Ашӯрова ба кори чорабиниӣ ҳусни оғоз бахшида, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистонро рӯйдоди бузурги таърихӣ унвон намуд.

Сипас, дотсентони факултети таърих ва ҳуқуқ Сафар Эркаев дар мавзуи “Аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ” ва Шарофат Ҳошимова дар мавзуи “Қасри Арбоб пойдевори сулҳу ваҳдат” маърӯза карданд. Зикр агрдид, ки дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ва таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ марҳилаи сифатан навро бунёд гузошта, хатари ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз байн рафтани тоҷикони куҳанбунёдро пешгирӣ кард.

Инчунин таҷрибаомӯзон дар мавзуъҳои “Аҳамияти Иҷлосияи тақдирсоз дар таъмини суботи ҷомеа”, “Иҷлосия ва низоми давлатдории миллӣ” баромад намуданд.

Баъдан, дар қисми дуюми конференсия хонандагон байни худ озмуни донандаи беҳтарини таърихи парчамдории тоҷиконро гузаронида, аз ҷониби онҳо қироати шеъру суруд, рақс ва саҳнаҳои ҷолиби диққат оиди ватандӯстиву меҳанпарастӣ иҷро гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ