Илму маориф дар меҳвари Паём

Дар таърихи 21-уми декабри соли 2021 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардид. Дар он Пешвои муаззами миллат тамоми самтҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии кишварро ба таври хеле васеъ мавриди таҳлил, таҳқиқ ва баррасӣ қарор дода, доир ба муҳимтарин дастовардҳои ноилгашта дар соли сипаригаштаи 2021 андешаҳои воқеъбинонаи хешро баён сохта, тамоми онҳоро комёбиҳои халқи тоҷик дар соли гузашта маҳсуб донистанд.

Аз мўҳтавои Паём бармеояд, ки дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илм ва маориф мавқеъ ва манзалати хоссае дорад, зеро бидуни маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли наврас бунёди ҷомеаи солиму мутараққӣ имконнопазир аст.

Тавре зикр карда шуд, ки дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Қайд гардид, ки ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.

Давлату Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми нерўю тавоноии хешро ба ин самти ҳаётан муҳими кишвар равона карда, барои таълиму тарбияи босамари хонандагону донишҷўён дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои заруриеро рўйи кор оварда истодааст.

Дар Паёми Пешвои фарзонаи миллат, Президенти мардумии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирўзу имрўз ва фардои илму маорифи диёри азизамон аз масоили меҳварӣ ба шумор рафта, нуктаҳои таъкидшудаи зерин моҳияти ин меҳварро ифода кардаанд:

1. Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар ва устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ;

2. Баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;

3. Идомаи бомароми ислоҳот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва давра ба давра бартараф кардан ва ҳалли мушкилоти мавҷуда;

4. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақша-чорабиниҳо вобаста ба инкишофи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва пайваста ба ин, ҷоннок намудани корҳо дар самти эълон намудани солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" баҳри тавсеаи тафаккури техникии насли наврас;

5. Тадбирҳои фаврӣ андешидан ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ;

6. Ҳамасола ба хотири боз ҳам бештар тақвият додани кор дар самти омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ, табиӣ ва ташкилу баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм – фурӯғи маърифат”;

7. Ташвиқи хондани китобҳои бадеиву илмӣ ва интишори китобҳои бадеӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ. Дар ин радиф ташкил ва баргузории озмунҳои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” "Фурўғи субҳи доноӣ..." дар доираи ҳарчи васеътари ҷомеа;

8. Такмили таълим ва омўзиши забони ноби тоҷикӣ, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ;

9. Ғамхории беҳтаре зоҳир кардан ба устодону омўзгорон ва падару модари донишҷӯён;

10. Баланд бардоштани касбияти омўзгорон;

Ба ин нуктаҳои ироанамудаи Пешвои миллат амиқтар назари таҳлил афканем, дарк ва дармеёбем, ки аҳли илму маорифи мамлакат барои иҷрои ин дастуру ҳидоятҳо дар солҳои минбаъда аз солҳои гузашта ҳам бештар масъулияти баландро бояд эҳсос намоянд. Ҳар як нуктае, ки дар Паём таъкид гардидааст, фарогири масоили хеле васеъ ва муҳим барои рушду инкишофи илму маорифи кишвар ва низоми таълиму тарбия дар ҳаёти минбаъдаи он ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.

Ҳамаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди огоҳ, махсусан аҳли илму маорифро водор месозад, ки дар фаъолияти рўзмарраи хеш нуктаҳои ироашудаи Паёмро сармашқи кору фаъолият қарор бидиҳад ва баҳри татбиқу амалигардониҳои онҳо масъулияти баланди шаҳрвандӣ эҳсос намояд. Пешвои муаззами миллат борҳо дар баромаду суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам.

Юсуфзода Ғайрат - устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ