Илмомӯзӣ ва одоби ҳамида

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология бо ташаббуси кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ бахшида ба ҳафтаи илм чорабинии илмӣ таҳти унвони “Илмомӯзӣ ва одоби ҳамида” бо иштироки ҳунармандон ва ҳайати устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро декани факултет дотсент Хайриҷон Ҷӯраева оғоз бахшид, аз ҳадафу маромҳои чорабинӣ ёдовар шуд.

Сипас, Салимбой Ҳасанов перомуни ҳунар ва хилслатҳои неки инсонӣ сухан кард. Мавсуф иброз дошт, ки ҳунари мардумӣ ҳамчун қисми муҳими анъанаҳои неку созандаи миллӣ мусоидат намуда, барои ҷомеа пайомадҳои неки моддиву маънавӣ ба дунбол доранд.

Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи ҳунарманд Мирзоиброҳим Саидзода китобҳои тозанашри дотсент Салимбой Ҳасанов “Бо кӯлбори нур” ва “Маърифати оламу одам” муаррифӣ карда шуданд.

Мирзоиброҳим Саидзода қайд намуданд, ки мо бояд аз фазои сулҳу осоиштагии кишварамон шукргузорӣ намуда, дар пайи омӯзиши илму ҳунар бошем. Зеро илм афзал аст, илмро ба ягон молу мулк иваз карда намешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ