Илм ва инноватсия: Семинарҳои таълимӣ-методӣ, семинарҳои илмӣ ва маҳфилҳои намунавӣ дар кафедраҳои донишгоҳ: вазъи кунунӣ ва дурнамо

Санаи 13-уми декабр дар ҷаласаи раёсати донишгоҳ рафти фаъолияти семинарҳои таълимӣ-методӣ, семинарҳои илмӣ ва маҳфилҳои намунавӣ дар кафедраҳои донишгоҳ: вазъи кунунӣ ва дурнамо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тибқи гузориши профессор Тошхӯҷаев Ҳаким Азимович алҳол дар назди ҳамаи кафедраҳои донишгоҳ семинари илмӣ-назариявӣ, семинари таълимӣ методӣ ва маҳфилҳои намунавӣ бо роҳбарииустодонисоҳибунвонусоҳибтаҷриба фаъолият мебаранд. Семинари илмӣ-назариявии кафедраҳо дар донишгоҳ яке аз шаклҳои ба амал баровардани фаъолияти илмӣ тавассути суханронӣ ва муколамаи илмии олимону омӯзгорон дар доираи мавзӯи пешакӣ ба нақшагирифташуда муҳокимаи озоди он ба ҳисоб рафта, фаъолияти он бо мақсадиташаккули корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда мешавад. Вазифаҳои семинар ин то ҳадди имкон пурра ҷалб намудани кормандони илмию педагогӣ барои фаъолияти мақсадноки илмӣ-тадқиқотӣ, татбиқи амалии самтҳои ҷудогонаи барномаҳои дурнамои корҳои илмӣ – тадқиқотии омӯзгорони кафедра тавассути маърўза аз натиҷаҳои марҳилаҳои муайяни пажўҳишоти анҷомёфта, истифодаи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ – педагогӣ дар раванди таълими донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯёну аспирантон ва докторантон, мусоидат ҷиҳати омода кардани кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ ва баланд бардоштанисатҳи тахассуси илмии омӯзгорон, унвонҷӯёну аспирантҳо ва докторантон мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ