Ҳикмати ниёгон
Таҳти ин унвон дар факултети таърих ва ҳуқуқ бахшида ёдбуди доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоҷон Мирбобоев бо иштироки васеи устодон чорабинӣ баргузор гардид.
Чорабиниро дотсент Шавқат Шарипов ифтитоҳ намуда, доир ба хидматҳои мондагори профессор А.Мирбобоев ибрози назар намуд. Сипас, профессорон Ваҳҳоб Набиев, Иномҷон Мамадалиев, дотсентон Ҷӯрабек Исомитдинов, Муҳиддинҷон Файзуллоев роҷеъ ба ҷанбаҳои мухталии ҳаёт ва фаъолияти олими шӯҳратманд Абдуллоҷон Мирбобоев маърӯзаҳо ироа намуданд. Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки А.Мирбобоев яке аз муҳаққиқони пуркор ва фарҳангшиноси намоён аст, ки дар ҳайати байналмилалии муштараки бостоншиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон дар ҳафриёни қисмати шимоли давлати ҳамсоя фаъолона ширкат варзида, дар таҳқиқи осори хароба, кушку оташкадаҳои Истаравшан, силсилаосори қадимаи Хуҷанд, Исфара ва дигар маҳалҳо саҳм саҳми арзишманд гузоштааст. Мавсуф бобати фарҳангшиносӣ ва этнологияи таърихии Суғду Фарғона, таърихи мадрасаҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон ва ғайра таҳқиқоти судманд анҷом додааст.
Маркази иттитлоот ва таҳлил