​Иқдоми таҷрибаомӯзон

Дар факултети тарбияи ҷисмонӣ дар доираи ҳафтаи илм бо иштироки донишҷӯён маҳфили илмӣ доир гардид.

Инчунин, бо иқдоми таҷрибаомӯзони факултет дар гимназияи 4-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи модарон соати тарбиявӣ гузаронида шуд, ки “Меҳри модар” унвон дошт.

Дар ин чорабинӣ маъмурияти гимназия, садорати факултет, мушовирон ва таҷрибаомӯзон иштирок карданд.

Ин иқдом аз ҷониби кафедраи варзиш ва методикаи таълими тарбияи ҷисмонӣ ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву садоқат ба Ватан маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ