​Иқдоми шоистаи Пешвои ваҳдатсарову фардоназари мо ба хотири насли фардои ҷаҳониён

Миллати тоҷикро аз азал ватандӯсту меҳанпараст, меҳмоннавозу дӯстпарвар, қавииродаву таҳаммулпазир мешиносанд. Бар ҳақ, халқи тоҷик аз шумораи он миллатҳоест, ба дӯст оғӯш боз мекунад, аз дафтару китоби худ ифтихор дораду бо шоҳону қаҳрамонони худ сарфароз аст, ки авроқи таърих бозгӯӣ он асту Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далел! Аз авроқи таърих огоҳ ҳастем, ки тоҷик чи қадар меҳнатдӯсту сулҳпарвар асту баҳри ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ободонӣ иқдомҳои наҷиберо бо сарварии Пешвои фардоназари худ рӯи кор овардааст. Зеро оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як фарди тоҷик тавъам аст. Агар Ватан орому осудаву саросари он сулҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат низ фаровон гардида, меҳру муҳаббат нисбати низ нисбати Ватан, дӯсту бародар, меафзояд. Дар ин росто, суханони пурҳикматонаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бисёр дақиқбинона гуфта шуда, баҳри ояндаи нек раҳнамун месозад: “Дар шароити бисёр ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир ҳимояи дастовардҳои замони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат вазифаи ҳар фарди бонангу номуси миллат мебошад”. Ин дастурот миллати сарбаланду тоҷдорро ҳушдор месозад, ки ба қадру манзалати сулҳ, ваҳдат, суботи сиёсӣ бирасему пеши роҳи низоъ, хархаша, миллатчигиву маҳалгароиро гирифта, танҳо ба оромиву осудагӣ ва шукуфоии кишвари маҳбуб ҷаҳд бинмоем.

Вазъи кунинии ҷаҳони муосир бисёр ҳассосу мураккаб асту ягон нафареро бетаассуф намегузорад. Ҷангу низоъҳо дар давлатҳои хориҷ боиси хавфу хатари кулли оламиён гардидааст. Аз он ҷумла, ҷангҳои пайдарпай дар Украина, Сурия, Фаластину Ироқу Эрон...., мо ва ҷомеаи ҷаҳониро бетараф гузошта наметавонад. Зеро халқи тоҷик мақоли хуберо шиори худ кардааст, “Ҳамсояат тинҷ бошад, хонаи ту низ орому осуда хоҳад буд” ва баҳри оромии худ кӯшиш дорад то атрофи кишвари худро низ ба сулҳу ваҳдат даъват менамояд. Маҳз ана ҳамин даъват буд, ки имрӯз тоҷиконро бо сулҳу ваҳдатофарини мешиносанду ҷаҳониён бар ин таҷриба сари таъзим фуруд меоранд! Бале тaҷрибaи сулҳи тоҷикон, ки меъмори он Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон мебошaд, aз ҷониби созмонҳои муътaбaри ҷaҳонӣ ҳaмчун пaдидaи нодир вa омӯзaндa эътироф гaштa, обрӯву эътибори дaвлaту миллaти моро дaр aрсaи бaйнaлмилaлӣ чун миллaти мутaмaддину фaрҳaнгӣ вa соҳибтaърих aфзун гaрдонидa aст. Дар ин хусус сиёсатмадарони ҷаҳон борҳо гуфтаанду мегуянд: Бутрос Ғолӣ собиқ Котиби генералии СММ менависад: “Ташаббусҳои Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба рушди минтақа, ба рушди минбаъдаи кишварҳои рӯ ба инкишофи сайёра низ равона шудаанд. Яъне, Сарвари Тоҷикистон бо ташаббусҳои худ нисбати бисёр халқҳои ҷаҳон ғамхорӣ мекунад”.Дар ин хусус Дабири кулли СММ Кофи Анан соли 1999 гуфта буд: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯроварӣ даст кашидани ҳалли зиддияти дохилимиллиро нишон дод». Фикр мекунам, ки ин ҳиссаи Тоҷикистон дар таърихи истиқрори сулҳ ба ҳисоб меравад».Аз ин суханон ифтихор дорему сарфарозӣ мекунем. Дар ҳақ, ташаббусу шоҳкориҳои Садри муаззами моро на танҳо дар кишвару минтақа ҳатто дар тамоми ҷаҳон меомӯзанду пайравӣ мекунанд, ки боиси ифтихор аст!

Маҳз аз чунин ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Садри фардоназари мо буд, ки аз минбари баланди Созмони милали муттаҳид таъкид доштанд: “Мо – роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шавем.

Вақти он расидааст, ки мо аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем”.Зеро истифодаи таҷрибаи сулҳу созандагӣ таҳти унвони таҳкими сулҳ, субот, амният ва эҳтироми мутақобилаи халқи тоҷик дар худ таҷрибаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, рафоқат, таҳкими робитаҳои наздик, муносибатҳои мутақобилаи байни халқҳои Осиёи Миёнаро коркард намудаанд. Ин таҷриба дар марҳилаи муосир таъсири бузург дорад, чунонки дар ибтидои асри бистум, тоҷикон дар таҷрибаи худ бо мушкилоти зиёд рў ба рў шуданд ва дар вазъияти душвор қарор доштанд. Мо зидди ҷангу ҷидолу низоъ дар сайёра ҳастем, ки амалу иқдомҳои Пешвои ваҳдатсарои мо бозгӯи онанд.

Дар ин росто, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад, сари вақтӣ асту шоистаи таҳсин!

Бо Пешвои ваҳдатофарину ваҳдатсарои худ, ИФТИХОР мекунем!

Шарифиён М.Х.– декани факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ