​Иқдоми ҷаҳонии Пешвои миллат

Дар толори факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ таҳти унвони “Иқдоми ҷаҳонии Пешвои миллат” мулоқот доир гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида,, дар идома суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 ба намоиш гузошта шуд.

Доктори илмҳои психологӣ Бобоева дар мавзуи “Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон” баромад намуда, афзуд, ки“Дар кишвари мо шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин сармашқи зиндагӣ ва фаъолият барои афроди ҷомеа дар ҳама арсаи зиндагӣ мебошад. Ахлоқи неку, меҳрубонӣ ба ҳамватанон, устуворӣ, фазилат, бурдборӣ дар рафъи мушкилот, ки аз вижагиҳои ахлоқии Пешвои миллатанд, метавонанд барои такомули фард ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун инсони дорои ахлоқу маънавиёти баланд нақши бузург гузоранд.

Гуфта шуд, ки бо кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон аз вартаи нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёфт.

Директори Маркази “Пиряхшиносӣ” дар донишгоҳ дотсент Турдиев Турдибой зери унвони “Табиати ҷаҳон: пиряхҳои Тоҷикистон ва деградадсиятшавии онҳо” баромад намуда, оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи об, қишри географӣ ва маълумоти умумӣ оид ба сарватҳои обии ҷаҳонӣ, захираҳои пиряхии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурўҳбандии Пиряхҳои Тоҷикистон, ҳавзаҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фони тартиботи ҳавзаҳои дарёии Осиёи миёна, гурўҳбандии пиряхҳои Тоҷикистон, ҳаракати пиряхҳои Тоҷикистон, тағирёбии глобалӣ ва регионалии иқлим ва коҳишёбии майдонӣ-ҳаҷмии имрўза ва минбаъдаи пиряхҳо, тағйирёбии глобалӣ ва регионалии иқлим ва коҳишёбии майдонӣ-ҳаҷмии имрўза ва минбаъдаи пиряхҳо, ақибнишинии пиряхи Федченко, ақибнишинии пиряхи Зарафшон маълумоти муфассал ироа намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ