​Иқдом: 100 нафар собиқадорони донишгоҳ аёдат карда шуданд

Мусоидат дар таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, аёдати собиқадорони меҳнат, дастгирӣ онҳо аз ҷумлаи муҳимтарин рукни сиёсати инсонпарваронаиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Дар ҳамаи суханрониву мулоқотҳо, инчунин сафарҳои кории хеш ба манотиқи мухталифи кишвар Пешвои миллат таваҷҷуҳ ба анҷоми амалҳои хайр, эҳсонкорӣ, дастгирии собиқадорони кссбу кори гуногунро ба унвони рукни барҷастаи оини давлатдорӣ талқин намуда, кормандони мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо ва соҳибкорону масъулини бахшҳои мухталифи хоҷагии халқро барои иқдом дар ин арса даъват менамоянд.

Раёсати донишгоҳ, бо мақсади мавриди амал қарор додани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи омӯзгор тасмим гирифт, ки амали хайрхоҳонаеро рӯи даст гирифта, барои аёдати собиқадорон иқдом намояд. Дар ин замина, ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом 100 нафар собиқадорони меҳнатро аёдат намуда, кӯмакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро расонид.

Зимни аёдат собиқадорон шукрона аз соҳибистиқлолӣ намуда, доир ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва пойдории Истиқлолияти давлатӣ сухан карданд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади иҷрои раҳнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ чунин иқдом аз ҷониби раёсати донишгоҳ роҳандозӣ карда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ