​Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд: Донишгоҳ сазовори 4 ҷойи намоён гардид

о мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандиву фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти вилоят, ҳамчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”ва иҷрои Қарори раиси вилоят Суғд аз 29. 01. 2021 №49 озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” моҳи ноябри соли равон дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоятии Суғд гузаронида шуда буд, ки 11 нафар донишҷӯён, магистрантон ва докторантони Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ширкат доштанд. Аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти ҳайати ҳакамон Зиннатҷон Бобоҷонова - докторант (Phd)-и факултети биология ва химия дар бахши ихтироъкорӣ, Ҷамшед Назаров – донишҷӯйи факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ дар бахши макет ва конструксияҳо сазовори ҷойи аввал, Нозанин Абдуллоева донишҷӯйи факултети математика дар бахши барномарезӣ сазовори ҷойи дуюм, Нозанин Раҳматуллоева донишҷӯи факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ дар бахши мазкур сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибони ҷойи аввал бо ифтихорнома ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ, ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва ҷойи сеюм 1000 сомонӣ гардиданд. Маросими ҷамъбасти озмун ва қадршиносии ғолибон нимаи дуюми моҳи декабри соли равон дар толори “Кохи Рӯдакӣ” бо иштироки Раиси вилоят баргузор гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ