​Ҳифзи марзу бум мояи ифтихор ва шарафи бузург

Таҷрибаомӯзони курси 3 факултети филологияи рус дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинии тарбиявӣ-ватандӯстиро дар мавзӯи «23 Феврал — Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо хонандагон баргузор намуданд.

Таъкид гардид, ки адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ ба шумор меравад. Зимни ҷамъомад зикр гардид, ки ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба артиши тавоно ва замонавӣ табдил ёфтааст.

Дар чорабинӣ хонандагони синфи 4 б. фаъолона иштирок намуда, дар васфи Ватан шеър ва сурудҳо қироат намуда, саҳначаҳои тарбиявӣ-ватандӯстӣ ба намоиш гузоштанд.

Дар хатми чорабинӣ як гурӯҳ хонандагони фаъол бо ифтихорномаву ссипосномаҳо қадршиносӣ нардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ