​Ифтитоҳи пойгоҳи таҷрибаомӯзӣ

Дар кӯдакистони хусусии "Нурафшон" воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пойгоҳи таҷрибаомӯзии кафедраи педагогӣ ва табииву риёзии факултети муҳандисӣ – омӯзгорӣ таъсис ёфт. Дар маросими ифтитоҳ масъулини шуъбаи таҷрибаомӯзии раёсати донишгоҳ ва факултети муҳандисӣ – омӯзгорӣ иштирок намуданд.

Ҳадаф аз ин ташаббус таъмини самаранокии раванди таҷрибаомӯзӣ ва татбиқи донишҳои назарии донишҷӯён унвон мешавад. Ҳамакнун бо ифтитоҳи ин пойгоҳ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯёни риштаи таҳсилоти томактабӣ шароит фароҳам омада, ҷиҳати гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ташаккули маҳорати касбӣ ва бозомӯзии синфҳои ибтидоӣ ва томактабӣ имконияти мусоид таъмин гардид.

Гуфта мешавад, ки ин пойгоҳ аллакай сеюмин кафедраи пойгоҳии факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маҳсуб ёфта, қаблан ду пойгоҳи дигар низ мавриди истифода қарор гирифта буд.

Интизор меравад, ки ояндаи наздик боз ду пойгоҳи кафедраи факултети муҳандисӣ – омӯзгорӣ дар Литсеи касбӣ ва Коллеҷи муҳандисии ноҳия ифтитоҳ мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ