Ифтитоҳи озмоишгоҳи таълимӣ - таҳлилӣ

Дар назди кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм озмоишгоҳи таълимӣ - таҳлилӣ ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи лаборатория ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом иштирок намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмоишгоҳ дар доираи лоиҳаҳои “ТЕМПУС” ва “ЭРАСМУС+” як қатор таҷҳизот, ба монанди люксометр, барои чен кардани сатҳи равшанӣ, шумомер, барои чен кардани сатҳи овоз, таҷҳизот барои чен кардани шиддатнокии гармӣ, муайян кардани миқдори газҳои ҳавои атмосфера – аспиратор, чен кардани чангу ғубори ҳаво, ченкунии муҳити дохилии ҳамаи маҳлулҳо ва микроскопи “Биолам” харидорӣ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамакнун дар лабораторияи мазкур ҷиҳати гузаронидани машғулиятҳои лабораторӣ ва амалии донишҷӯён аз фанҳои “Ботаника бо асосҳои экология”, “Физиологияи растаниҳо”, “Экспертизаи экологӣ”, “Экологияи хок ва кишоварзӣ”, “Мониторинги муҳити зист” шароит фароҳам шуда, барои анҷом додани корҳои тадқиқотӣ оид ба тағйирёбии таркиби ҳавои атмосфера, манбаҳои обӣ, сатҳи радиатсия, трансформатсияи ҳосилхезии хок имконият таъмин гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб барои таҳкими фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар лаборатория маслиҳатҳои муфид дода, масъулинро муваззаф намуд, ки самаранокии фаъолияти озмоишгоҳро таъмин намуда, барои дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷӯён тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон, аз ҷониби ректори донишгоҳ лаборатория бо тахтаи электронӣ таъмин гардид, ки барои боз ҳам босифат гузаронидани машғулиятҳо мусоидат менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ