Ифтитоҳи Маркази машваратӣ-ислоҳӣ ва таҳсилоти фарогир
Дирӯз дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дар доираи Лоиҳаи байналмиллалии “ERASMUS – DESIDE” бо иштироки олимони соҳаи таҳсилоти инклюзивӣ аз донишгоҳи Лимерики Ирландия ҷаноби Кирби Падрик ва Кабанага Джералд Маркази машваратӣ –ислоҳӣ ва таҳсилоти фарогир – ERASMUS –DESIDE CENTERба фаъолиятоғоз намуд.
Садорати факултет меҳмононро хуш пазируфта, онҳоро бо фаъолияти марказ шинос намуд. Машваратромуовини ректор оид ба робитаҳои байналмиллалӣ Рухсора Давлатзода ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Сипас, аз ҷониби дотсентони кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ З.Раҳмонов, С.Элмуродова ва З.Раҳмонова қисми шашуми модули“ERASMUS –DESIDE” дар мавзӯи “Таъмини талабот дар муошират ва ҳамкорӣ дар доираи таҳсилоти фарогир” муаррифӣ карда шуд.
Даррасми ифтитоҳ декани факултет, дотсент Сатторбердӣ Рабиев, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шавқат Шаропов баромад намуда, оид ба ҳадафҳои таҳсилоти фарогир фикру ақидаҳои худро иброз намуданд.
Баргузории семинарҳои омўзишӣ бо иштироки устодон, докторантон ва магистрантони факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ду рўз идома меёбад.
Маркази иттилоот ва таҳлил