Ифтитоҳи лабораторияи “Системаҳои ирсолӣ”

Бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои “Индиго-Тоҷикистон”, “Телеком-технолоҷӣ” ва “ТВ Оила” дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ лабораторияи “Системаҳои ирсолӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи лабораторияи мазкур ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом ва намояндагони ширкатҳои зикргардида иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳадаф аз ташкили лаборатория таҳкими фаъолият дар самти омода намудани мутахассисон дар соҳаи алоқаи барқӣ, аз ҷумла ширкатҳои мобилӣ, телевизион, радио ва интернет - провайдерон маҳсуб меёбад.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода доир ба ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф” сухан намуда, аз ибтикороти донишгоҳ дар ин самт хотиррасон гардид.

Гуфта шуд, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати таъмини рушди ҳамкориҳо бо корхонаҳои истеҳсолӣ ҳавасманд буда, ҷиҳати таҳким ва вусъати муносибатҳои судманд тамоми тадбирҳои заруриро анҷом медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки ташаббуси мазкур ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ бо мақсади таъмини пайванди илм бо истеҳсолот роҳандозӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ