​Ифтитоҳи иншооти маърифатӣ-фароғатӣ дар бинои истиқоматии устодону кормандон

Дар бинои истиқомати устодону кормандон, №8 –и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иншооти маърифатӣ-фароғатии мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин иқдом ба муносибати ҷашни омӯзгорон ва Рӯзи гиромидошти забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар маросими расмии он ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, олимону муҳаққиқон, адибон, собиқадорони меҳнат, ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва сокинони бинои мазкур иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ таъкид дошт, ки иншооти маърифатӣ-фароғатии бинои №8-и истиқоматии устодону кормандони донишгоҳ дар партави сиёсати созандаву бунёдкорона ва маърифатбунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ ҳамеша бо ободкорӣ, созандагӣ, ихтироъкориву эҷодкорӣ, фаъолиятҳои босамари илмиву таҳқиқотӣ ва бо кӯшишу саъйи судманд ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегарданд.

Иншооти мавриди назар аз як толори хониш ва хонаи ҳунарҳои мардумӣ ва долони васеъу барҳаво иборат буда, ҷиҳати дастрасии сокинони бино ба адабиёти зарурӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин замина биноҳои №5 ва №8-и истиқоматии устодону кормандон бо иншооти маърифатӣ-фароғатияш бо масолеҳи замонавии сохтмонӣ тунукапӯш карда шуда, минбаъд низ раёсати Донишгоҳ барои фароҳам овардани шароити муосиди зисти устодону кормандон, марҳила ба марҳила тамоми биноҳои истиқоматӣ ва хобгоҳҳоро таъмиру тармим ва таҷдид хоҳад намуд.

Тоҷибой Султонӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ташаббуси раёсати Донишгоҳ дар самти ифтитоҳи иншооти маърифатӣ-фароғатӣ истиқбол намуда, ин иқдомро ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари олии давлат ва таҳкими маърифатнокии сокинони бино муҳиму муассир маънидод намуд.

Ҳамчунин устодон собиқадор дотсент Саидмурод Ҳоҷиев ва профессор Абдусаттор Абдуқодиров баромад намуда, ташаббуси мазкурро яке аз муҳимтарин рукни сиёсати инсонпарваронаиПешвои миллат маънидод намуданд.

Дотсент Баҳром Мирсаидов шукрона аз соҳибистиқлолӣ намуда, доир ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва пойдории Истиқлоли давлатӣ сухан кард.

Гуфта шуд, ки устодону кормандон ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат дар тарбияи наслҳои созандаву бунёдкор, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту меҳанпарвар саҳми шоиста хоҳанд гузошт.

Дар идомаи чорабинӣ аввалин нишасти маҳфили маърифатӣ–адабӣ таҳти унвони «Гулшани маърифат» бо иштироки устодони соҳибтаҷрибаву собиқадорони меҳнат, олимону донишмандон ва адибон баргузор шуд.

Изҳори бовар шуд, ки ин ибтикори мазкур муждаовари ободкориҳои доимӣ, сохтану ифтитоҳ кардани садҳо бинову иншооти нав мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ