Ифтитоҳи конференсияи илмии устодон, олимони ҷавон ва магистрантону донишҷӯёни донишгоҳ
12-уми апрел, ҷаласаи ифтитоҳии конференсияҳои илмии устодон, олимони ҷавон ва магистрантону донишҷӯёни МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба соли 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Хайруллоҳ Сабуров ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо Рӯзи илми тоҷик аз номи ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода таҳният намуд. Номбурда баён кард, аз рӯи мундариҷаи барномаи маҷлису машваратҳои илмӣ дар 139 бахш, аз ҷумла 62 бахши устодону олимони ҷавон, 18 бахши магистрантон, 59 бахши донишҷӯён баргузор мешаванд. Маҷмӯан, дар барномаи конфронс 1323 маъруза барои таҳлилу баррасиҳои илмӣ пешбинӣ гардидааст.
Сипас, декани факултети молия ва иқтисод, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдураҳмон Қодиров дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат ва заминаҳои рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъруза карда, доир ба масоили татбиқи Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафи чоруми миллӣ эъон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ин замина коркарди ашёи хом, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ҳарф зад.
Профессори Институти илмҳои ҷомеашиносӣ Замира Ғаффорова доир ба “Ҷамолии Деҳлавӣ ва саҳми ӯ дар таҳаввули адабиёти форсу тоҷик” андеша ронда, ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти шоири номвари форсизабони Ҳиндро матраҳ ва дар ин раванд корҳои тадқиқотиву таҳқиқотии ба сомон расидаро зикр кард.
Фирӯза Мирзоқобилова, докторатни курси 2-юми факултети физика ва техника дар масъалаи “Коркарди технологияи инноватсионии ҳосил кардани энергияи гармӣ ва электрикӣ дар асоси истифодаи нури офтоб ва маводи таркибии махсус” баромад дошта, лоиҳаи таъмини бинои истиқоматӣ бо гармӣ ва рӯшноро ӣа ҳозирин муаррифӣ намуд.
Дар фарҷом, профессор Хайруллоҳ Сабуров бо изҳори боварӣ баён дошт, ки маҳфилҳои илмӣ, мубоҳисаҳои самимию судманд, пешниҳоди андешаҳои тоза, баёну баррасии самтҳои афзалиятноки маърифат ҷиҳати боз кардани рамзҳои донишу хирад ва барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол равона сохтани моҳияти он нақши муносиб мегузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки аз 12 то 19-уми апрел дар тамоми факултету кафедраҳои донишгоҳ конференсияҳои илмӣ ҷараён гирифта, беҳтарин устодону олимони ҷавон ва магистрантону донишҷӯён дар бахшҳои маърузаву мақолаҳо, ковишҳои тадқиқотӣ, тозакориҳои пажӯҳишӣ муайян ва дар арафаи таҷлили Рӯзи илми тоҷик қадр мешаванд.
Маркази иттилоот ва таҳлил