​Ифтихору шўҳрату шонам забони тоҷикӣ

Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров силсилаи чорабиниҳои гуногун доир гардиданд.

Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббусҳо дар бинои таълимии 3 бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултети филологияи рус таҳти унвони "Нақши Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ", дар ташкилоти ибтидоии “Хоразмӣ” дар назди факултети математика дар мавзуи “Забони давлатӣ – омили ҳастии миллат”, дар факултети иқтисодӣ зери унвони “Забон- ҳастии миллат”, дар факултети тањсилоти ибтидоїва педагогикаимахсус бо номи «Ифтихору шўҳрату шонам забони тоҷикӣ» чорабини илмӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар як қатор кафедраҳои донишгоҳ - кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ, кафедраи умумидонишгоҳии информатика ва кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ оид ба нақшу нуфузи забони тоҷикӣ мизи мудаввар доир шуд.

Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳо буда, дар ҳифзи асолати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад. Забон муаррифгари давлату миллат буда, забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумормеравад.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии таъкид намудаанд, ки забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати хар як халқу миллат ба шумор меравад” - зикр шуд дар доираи чорабиниҳо.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ