​Ифтихор: Тақдими медали Хизмати шоиста ба профессорони донишгоҳ

Ду нафар профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мукофоти давлатӣ – медали Хизмати шоиста сарфароз шуданд. Медали мазкур бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Абдуфаттоҳ Раҳимов, муовини ректор оид ба корҳои таълим ва ба Абдуллоева Меҳриниcсо, декани факултети забонҳои хориҷӣ ҷиҳати ноил гардидан ба дастовардҳои меҳнатӣ тақдим гардид.

Маврид ба зикр аст, ки медали Хизмати шоиста ҳамчун мукофоти давлатӣ барои комёбиҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва маориф, барои комёбиҳо дар хизмати давлатӣ, ҳарбӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарфароз гардонида мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ин дастовардро аз миёни кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят ду нафар профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиб шуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода гирандагони мукофоти давлатиро табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати меҳнати софдилона ва мусоидат ба рушди донишгоҳ изҳори сипос намуд.

Таъкид гардид, ки Абдуфаттоҳ Раҳимов, доктори илмҳои география ва Абдуллоева Меҳриниссо, доктори илмҳои педагогӣ донишу нерӯи худро солиёни зиёд ҷиҳати пешрафти соҳаи маориф ва илми мамлакат истифода намуда, барои тайёр намудани мутахассисони ҳирфаӣ саҳми муассир гузошта меоянд.

Хотиррасон менамоем, ки иқдоми мазкур, яъне қадршиносии кору пайкор ва хидматҳои зиёиёни кишвар аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров устодони бурӯманди донишгоҳ, профессорон – Абдуфаттоҳ Раҳимов ва Меҳриниссо Абдуллоеваро ҷиҳати сазовор шудан бо мукофоти давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо дар иҷрои рисолати касбӣ музаффариятҳои тоза ва дар роҳи расидан ба дастовардҳои бештар барор таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ