Ифтихор аз Парчами давлатӣ
Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо ташаббуси кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, меҳанам!” чорабинӣ гузаронида шуд.
Декани факултет Шарифиён Муқаддас дар бораи нақшу манзалати Парчами давлатӣ сухан карда, ба иштирокчиён паёми табрикотии роҳбарияти донишгоҳро расонид.
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки мо таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд” – гуфта шуд дар чорабинӣ.
Зикр шуд, ки Парчам дар ҳар давру замон рамзи нангу номуси ватандорӣ, хештаншиносӣ ва яке аз арзишҳои муқаддаси миллӣ ба ҳисоб рафта, эҳтирому арҷгузорӣ ба он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарзанди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.
Донишҷӯён дар идома перомуни масоили марбут ба парчам маърӯзаҳо ироа карда, таҳти унвони “Парчам дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” саҳна манзур карданд, ки мақбули ҳозирин гардид ва ба чорабинӣ ҳунси бештар эҳдо намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил