Ифротгароии динӣ ва зарари он ба шуури ҷавонон

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дар мавзуи «Ифротгароии динӣ ва зарари он ба шуури ҷавонон» мулоқот сурат гирифт.

Дотсенти факултети забонҳои шарқ Ислом Раҳимов доир ба мавзуи мазкур суханронӣ намуда, аз хатар ва пайомадҳои ифротгароии динӣ ба донишҷӯён маълумот дод.
Таъкид гардид, ки яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. “Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар ин ё он кишвар, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад” – зикр шуд зимни мулоқот.
Дар доираи ин ташаббус сабабҳои шомилшавӣ ва ифротишавии ҷавонон шарҳ дода шуда, пайомадҳои ин зуҳурот мавриди муҳокима қарор гирифт.
Бо суолу ҷавоб ва табодули афкор миёни донишҷӯён мулоқот анҷом ёфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ