​Идомаи ташаббуси судманд: Ҳашари ободонӣ дар минтақаи марзӣ

Гуруҳи ҷавонон – волонтёрони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар идомаи ташаббусҳои қаблӣ бо мақсади кӯмак ба сокинони наздимарзӣ ин навбат низ ба шаҳри Исфара сафарбар гардиданд.

Ин иқдом ҷиҳати саҳм гузоштан дар роҳи барқарор намудани харобиҳои муноқишаҳои охирон ба роҳ монда шуда, ҳамакнун ҳафтаи сеюм аст, ки ҷавонони донишгоҳ ихтиёран дар рӯзҳои истироҳат берун аз машғулият ба минтақаҳои зарардида сафар мекунанд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба гуруҳи волонтёрони донишгоҳ ҷиҳати зоҳир намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва мусоидат ба бартарафсозии пайомадҳои муноқишаҳои марзӣ изҳори сипос намуда, ташаббуси донишҷӯёнро намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин унвон намуд.

Гуфта шуд, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ шуруъ аз устодон то донишҷӯён нисбат ба мусибати ҳамватанон ҳеҷ гоҳ бетараф набуда, дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри кӯмак ба сокинони зарардидаи марзӣ ҳамеша омода ҳастанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷавонони донишгоҳ ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматии сокинон, нуқтаҳои тиббӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар иншоотҳои зарардида саҳм гузошта, дар самти барқарор намудани харобиҳои даргириҳои охирони марзӣ ҳашари ободониву бунёдкориро бори сеюм аст, ки роҳандозӣ доранд.

Интизор меравад, ки иқдоми мазкур минбаъд низ идома ёфта, то пурра бартараф шудани оқибатҳои харобиовари муноқиша бароҳ монда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ