​Идомаи озмуни беҳтарин донандаи мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо

Дар факултети математика ҷиҳати омӯзиши мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?» миёни донишҷӯён озмун ба роҳ монда шуд.

Дар озмуни мазкур донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуда, доир ба мазмуну муҳтавои мақолаи мавриди назар тасаввурот ва фаҳмиши худро баён намуданд.

Ҳайати комиссияи озмун аз ҳисоби сармуаллими кафедраи таърихи халқи тоҷик Муҳаммадизода М., дотсент Тӯйчиев О. ва муаллим Назаров М. таъсис ёфта, маълумотнокӣ ва сатҳи дониши иштирокчиёни озмунро натиҷабардорӣ намуданд.

Донишҷӯёни соли дуюм Сайҳуни Алиҷон, Темурова Нилуфар ва донишҷӯи курси сеюм Шодиев Ҳамдилло ғолиб дониста шуда, ба даври донишгоҳии озмун роҳхат гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ