Идомаи мусобиқаи футболи хурд байни донишҷӯдухтарони вилоят

Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, тайи се рӯзи охир футболи хурд байни донишҷӯдухтарони вилояти Суғд дар Маҷмааи варзишии Хуррамшаҳр идома дорад.

Имрӯз 23 сентябр миёни дастаҳои футболи ДДҲБСТ, Колеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва Академия 4-уми ВКД дар вилояти Суғд бо ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар майдон сабқат намуданд. Мусобиқаи мазкур давоми ҳафта идома ёфта, санаи 28-сентябр ҷамъбаст гардида, ғолибони мусобиқа бо ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ