​Идома конференсияҳои илмӣ дар донишгоҳ

Дар кафедраи адабиёти муосири факултети филологияи тоҷик конференсияи илмии бахши донишҷӯён бо иштироки мудири кафедра профессор Замира Ӯлмасова ва аъзоёни кафедра дотсентон Файзулло Баҳриев, Мутриба Мавлонова, Малика Муродова ва У.Шарифова баргузор гардид. Конференсияро роҳбари бахш дотсент Субҳон Аъзамов ифтитоҳ намуда, аз тарзи маърӯзакунивую талаботҳои он маълумот дод. Сипас, аз ҷониби донишҷӯён 18 маърӯзаи хубу ҷолиб ироа гардид.

Зимнан дар кафедраи мазкур конференсияи бахши устодон бо иштироки ҳамаи аъзоён баргузор гардид. Кори конференсияро мудири кафедра профессор Замира Ӯлмасова оғоз карда, ҳамагонро бо рӯзномаи бахш ошно намуд. Устодон дар мавзуъҳои мубрами илми адабиётшиносӣ, махсусиятҳои назму насри он, вежагиҳои нақди имрӯз маърӯза намуданд.

Ҳамчунин бахши магистрантону докторантон таҳти роҳбарии профессор Матлубаи Мирзоюнус ва профессорон Неъматҷон Файзуллоев Файзуллоев, Замира Ӯлмасова ва мудири шуъбаи омодакунунии кадрҳои илмӣ - педагогӣ дотсент Боҳир Раҷабовдар сатҳи хуби илмӣ гузаронида шуд. Дар он 19 маърӯзаи илмӣ ироа гардид. Бояд зикр кард, ки пас аз ҳар бахшҳо миёни маърӯзачиён ва иштирокдорон суолу ҷавоб ҷараён гирифта, паҳлуҳои мубрами мавзуъҳо мавриди таҳлилу муҳокима қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ