Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест...

Бо мақсади баланд бардоштани шавқи китобхонии донишҷӯён бо ташаббуси кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии факултети филологияи рус дар гуруҳи академикии204 соати тарбиявии намунавӣ таҳти унвони “Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест” ташкил ва гузаронида шуд. Дар соати тарбиявии намунавӣ донишҷӯён Фарзона Усмонова дар мавзӯи “Китоб дусти беҳтарин аст” ва Гулбарг Бойтемурова дар мавзӯи “Таърихи пайдоиши китобҳо” баромад намуда, ба аҳли нишаст маълумоти ҷолибро пешкаш намуданд. Дар охир Отуной Мавлонбердиева - мудирикафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ суханронӣ намуда, афзуд, ки китоб хубтарин ва нодиртарин мӯъҷизаест, ки инсонро ба роҳи дуруст ҳидоят менамояд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ