​Хониши сиёсӣ

Дар бинои таълимии № 2 бо ташаббуси факултети забонҳои шарқ хониши сиёсӣ гузаронида шуд. Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсии доншҷӯён унвон мешавад.

Нишонбой Мадумаров, магистранти соли дуввуми факултет дар мавзӯи “Ташрифи Пешвои миллат ба вилояти Суғд” маърӯза намуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯи соли дуввуми факултет Рашван Муқимов дар мавзӯи “Рӯзи ҷаҳонии ёдгориҳои таърихӣ” маърӯза шунида шуд.

Дар фарҷом Басирҷон Раҳимов, муовини декани бахши тарбияи факултет аз мақсади асосии чунин ташаббус сухан карда, ҷавононро ба зиракии сиёсӣ ва омӯзиши илму дониш даъват намуд.

Хотиррасон менамоем, ки ҳар рӯзи чоршанбе дар тамоми факултетҳои донишгоҳ хониши сиёсӣ доир мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ