Хониши сиёсӣ: шарҳи осори Мавлоно дар факултетҳои Донишгоҳ

Бахшида ба бузургдошти Рӯзи Мавлоно имрӯз бо ташаббуси масъули шуъбаи тарбия, кор бо ҷавонон ва кор бо занон дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хониши сиёсӣ дар мавзуи “Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад...” бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Зимнан таъкид рафт, ки Мавлоно бо осори арзишманду пур аз ҳикмати хеш дар тамоми ҷаҳон машҳур гардида, ҷаҳониён аз осори ӯ фаровон истифода мебаранд.

Гуфта шуд, ки осори гаронбаҳои Мавлонои Балхб дар дарозои таърихи беш аз ҳаштсад сол аҳамият ва арзиши худро гум накардааст, баръакс беш аз пеш нуфуз пайдо мекунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ