​Хониши сиёсӣ: “Паёми Пешвои миллат - роҳнамои миллати мо”

Таҳти унвони "Паёми Пешвои миллат роҳнамои миллати мост” бо иштироки устодону донишҷӯёни факултетҳои филологияи рус ва таърих ва ҳуқуқ хониши сиёсӣ баргузор шуд.

Дотсенти кафедраитаърихи халқи тоҷик Шарипов Шавкат доирба ҷанбаҳои калидии Паёми Пешвои миллат, моҳияти он, ҳадафҳои стратегӣ ва нақши созандаи он дар рушди ҷомеа ибрози ақида намуд. Номбурда қайд кард, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо дар таҳкими тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар аснои олам мавқеъи хосса дорад .

Дар идома Мавлонова Раҳима, дотсенти кафедраи педагогикаи умумӣ бо таваҷҷӯҳ ба ҷанбаҳои маорифмеҳвари Паёми Пешвои миллат дар тарбияи насли ҷавон ва нақши он дар ташаккули системаи арзишии донишҷӯён суханронӣ намуд.

Ҳадаф аз ин ташаббус ташаккули фаҳмиши фарҳанги сиёсӣ, таҳкими дониши сиёсӣ ва таъмини шароити мусоид ба табодули афкор байни омӯзгорон ва донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ