Хониши сиёсӣ: Нашъамандӣ ва роҳҳои пешгирии он

Субҳи имрӯз дар факултети филологияи тоҷик хониши сиёсӣ зери унвони “Нашъамандӣ вабои аср” доир гардид.

Декани факултет, профессор Замирахон Ӯлмасова баромад намуда, оқибатҳзои нохуши нашъамандиро ба самъи иштирокдорон расонид. Мавсуф аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар доираи имконияти мавҷуда донишҳои замонавиро аз худ намуда, ба амалҳои ношоиста, аз қабили нашъамандӣ ва дигар рафторҳои ғайринсони даст назананд. Дар идомаи Замирахон Ӯлмасова зикр намуд, ки мо бояд ба қадри заҳмату талошҳои шабонарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати маорифпарваронаву бунёдкоронаашон бирасем ва ҳамеша дар роҳи илму донишандӯзӣ камари ҳиммат бандем. Зеро дониш ҳамеша шуморо роҳнамо хоҳад шуд.

Сипас, мудири шуъбаи радиои "Фурӯғ"-и Донишгоҳ Шоҳин Бобоназаров перомуни мавзуи баррасишаванда баромад намуда, қайд кард, ки маводи мухаддир ва гардиши ғайриқонунии он дар баробари таҳдидҳои хатарбори ҷаҳони муосир ҳамоно аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ва нигаронкунанда боқӣ мондааст. Зикр шуд, ки оқибатҳои бемории нашъамандӣ ҳам ба худи шахси истеъмолкунанда, ва ҳам ба атрофиёни ӯ, аҳли оила ва ҷомеа зарари худро мерасонад, ки боиси нигаронист. Мубориза бо ин вабои асрро кори дастаҷамъона маънидод намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ