​Хониши сиёсӣ: “Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ”

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе хониши сиёсӣ доир мегардад.

Ин навбат низ ин ташаббус низ дар тамоми факултетҳои донишгоҳ ба роҳ монда шуда, доираи васеи донишҷӯёнро фаро гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи хониши сиёсӣ мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ”мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷумла, дар тамоми факултетҳо доир ба ташаббуси ҷаҳонии Роҳбари олии мамлакат дар самти эълон гардидани “Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардида, сатҳи маълумотнокӣ ва дониши донишҷӯён тавсеа ёфтанд.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мавқеъ ва нақши устувор гузошта, мунтазам бо ибтикори судманд ва пешниҳоду ташаббусҳои муфиду созанда ҷиҳати пешгирӣ аз мушкилоти ҷаҳонӣ нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардоранд.

Гуфта шуд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Пешвои муаззами миллатро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд, ки тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.

Бо табодули афкор миёни иштирокчиён хониши сиёсӣ дар факултетҳои донишгоҳ ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ