​Хониши сиёсӣ: Коррупсия - таҳдид ба рушди кишвар

Бо иқдоми кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ низ бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди коррупсия хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар доираи ин ташаббус вобаста ба мавзуи “Коррупсия таҳдид ба рушди кишвар” маърӯза шунида шуд.

Қайд гардид, ки коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шудааст ва то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Имрӯзҳо яке аз проблемаҳои асосӣ ин мубориза бо коррупсия мебошад.

Аз донишҷӯён даъват шуд, ки ҷиҳати мубориза бо коррупсия фаъолона саҳмгузор бошанд, зеро мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб вазифаи натанҳо мақомоти давлатӣ, балки тамоми ҷомеа аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ