​Хониши сиёсӣ: Истиқлол ва таҳкими мақоми зан дар Тоҷикистон

Таҳти унвони “Истиқлол ва таҳкими мақоми зан дар Тоҷикистон” дар факултети муҳандисӣ-омӯзгории донишгоҳ хониши сиёсӣ доир гардид. Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Абдуҷалил Шодиев аз таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд намуд, ки маҳз ғамхориҳои Сарвари давлат бонувони бошарафи моро водор менамояд, ки беш аз пеш ба тарбияи фарзандон масъулиятшинос бошанд ва онҳоро дар руҳияи ватандустӣ ба камол расонанд.

Дар идома дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ Қаюмова Фируза ба сухан баромада зикр дошт, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва дастгириҳои Пешвои миллат барои кору таҳсил бонувони тоҷик шароити мусоид фароҳам оварда шуда, дар самти дастгирӣ ва ғамхорӣ ба бонувон мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ