​Хониши сиёсӣ: Иҷлосияи тақдирсоз- рӯйдоди нодири таърихӣ

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн хониши сиёсӣ гузаронида шуд. Ин иқдом аз тарафи кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим ба муносибти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Муаллимаикафедра Акилова Муқаддас дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар бунёди давлатдории навини тоҷикон” маърӯза намуд.
“Иҷлосия пойдевори нахусте буд, ки ҷомеаи тоҷик ҳазорсолаҳо ормони онро дошт. Иҷлосияи тақдирсоз (даъвати дувоздаҳум), ки бо мақсади барқарор намудани пояҳои давлатдорӣ моҳҳои ноябр - декабри соли 1992 дар Қасри таърихии Арбоби шаҳри Хуҷанд, даъват шуда буд, баъди баҳсу мунозираҳо роҳи оштӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ояндаи некро кушод” – таъкид шуд зимни ироаи маърӯза.

Донишҷӯён дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шеър ва гуфторҳо қироат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ