​Хониши сиёсӣ дар факултети филологияи рус

Ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе дар тамоми факултетҳои донишгоҳ рӯзи хониши сиёсӣ доир мешавад. Ин ташаббус бо дастури роҳбарияти донишгоҳ ва таҳкими дониши сиёсии донишҷӯён роҳандозӣ мегардад.

Дар факултети филологияи рус ин навбат низ рӯзи хониши сиёсӣ бо хондани Суруди миллӣ ба таври зинда оғоз шуд.

Декани факултети филологияи рус дотсент Шаропова Раъно донишҷўёнро аз вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон огоҳ намуд, ҳамчуниин роҷеъ ба амнияти минтақа ва кишварҳои ҳамсоя сухан ронда, ба донишҷуён мафҳуми озодиву истиқлолият ва хизмат ба ватанро шарҳ дод.

Ҳамзамон, ҳини суханронӣ декани факултет аз заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд.

Аз донишҷӯён даъват гардид, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати мубориза бо зуҳуроти номатлуб тамоми дониш ва нерӯи худро истифода намоянд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ