​Хониши сиёсӣ: Ҷавонон зидди терроризм ва экстремизм

Дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чун анъана бо ташаббуси муовини декан оид ба тарбия Шаҳриёр Маъбудов ва устодони кафедраи алгебра ва геометрия пеш аз оғози дарсҳо соати хониши сиёсӣ ташкил ва баргузор гардид.

Дар оғоз мудири кафедраи алгебра ва геометрия дотсент Олимҷон Тӯйчиев баромад намуда, афзуд, ки терроризм ва экстремизм падидаи номатлуби ҷомеаи муосир маҳсуб ёфта, мубориза бо ин падидаро кори дастаҷамъона арзёбӣ намуд.

Сипас, донишҷӯёни курси 5- и факултет дар мавзуъҳои “Экстремизм ва терроризм”, “Ҷавонон зидди терроризм ва экстремизм”, “Терроризм ва экстремизм- ҳамчун падидаи номатлуби иҷтимоӣ” баромад намуданд. Дар идома перомуни мавзуи мавриди назар мубодилаи афкор ҷараён гирифт.

Чорабинии сиёсиро муовини декан оид ба таълим дотсент Музаффархӯҷа Мирзохоҷаев ҷамъбаст намуда, таъкид дошт, ки ҷавонон дар замони ҷаҳонишавӣ бояд зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода, баҳри пешрафту ободии Тоҷикистони азизи хеш талош варзанд.

маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ