​Хониши сиёсӣ: Ҷавонон - зидди маводи мухаддир

Бо ташаббуси устодони кафедраи математикаи олӣ ва кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ дар факултети математика Хониши сиёсӣ таҳти унвони "Ҷавонон - зидди маводи мухаддир" баргузор гардид. Нахуст оиди мавзуи зикршуда мудири кафедраи математикаи олӣ Муқаддас Дадаҷонова ва устоди кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев баромад намуда, дар бораи зарар ва оқибатҳои фалокатовари ин вабои аср маърӯза намуданд. Баромадкунандагон оиди тарбияи комили ҷавонони муосир ва эмин доштани ҷомеа аз ин вабои аср ҳарф заданд. Дар идома донишҷӯёни курси чоруми факултет саҳначаи тарбиявиро ба намоиш гузоштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ