​Хизмати дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дарси ҷавонмардиву шуҷоат

Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи забони олмонӣ таҳти унвони “Ҳимоятгарони миллат” чорабинии тарбиявӣ-ватандӯстӣ баргузор гардид.

Чорабиниро дотсенти кафедра Абдуҳамид Шарипов оғоз намуда, иштирокчиёноро бобарномаи чорабинӣ ва ҳадафҳои он ошно тсохт. Зимнан қайд намуд, ки гиромидошти арзишҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз вазифаҳои муҳим ҷавон маҳсуб меёбад.

Сипас, полковники милитсия М.Р.Муллобоев ба сухан баромада, доир ба таърихи таъсисёӣи Артиши миллӣ ибрози назар намуда, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву шуҷоат арзёбӣ намуд.

Дар фарҷом аз ҷониби донишҷӯён шеъру гуфторҳо дар васфи Ватан қироат гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ