​Хатмкунандагон бо ҷойҳои корӣ таъмин мешаванд

Дирӯз дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ семинар-машварат бо иштироки ҷонишини директори филиали бонки байналмиллиалии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд - Ҷӯраев Ҷаъфар, сардори раёсати IT-технологияҳо Голубев Игор Николаевич баргузор гардид. Дар чорабинии ҷиҳати масъалаҳо доир ба имкониятҳои бонк, шартҳо ва талаботҳо барои қабул барои таҷрибаомӯзӣ ва пешниҳоди ҷои корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷараёни мулоқот кормандони Бонки байналмиллиалии Тоҷикистон аз донишҷӯён саволномаҳои тестӣ гирифтанд. Хатмкунандагоне, ки аз натиҷаи тестҳо сазовори холҳои баланд мегарданд, барои ҳамкорӣ ба бонк даъват хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ