​Густариши ҳамкориҳо бо Донишгоҳи давлатии Вятск


Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷӯразода намояндагони Донишгоҳи давлатии Вятски Федератсияи Русияро ба ҳузур пазируфт.

Ин иқдом дар доираи ташкили семинари омӯзишӣ барои омӯзгорони факултети филологияи рус аз ҷониби намояндагони Донишгоҳи давлатии Вятски Федератсияи Русия – номзади илмҳои филологӣ, дотсент - Трушков Михаил Алексеевич ва доктори илмҳои педагогӣ, профессор Динер Елена Васильевна амалӣ гардид.

Зимни мулоқот профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо масъулини Донишгоҳи давлатии Вятски шаҳри Кирови Федератсияи Русия ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои судманд таваҷҷуҳ намуд.

Ректори донишгоҳ бо ишора ба самараи равобити ҷонибҳо зикр дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамеша тарафдори ба роҳ мондани муносибатҳои самарабахш буда, ҷиҳати тақвияти чунин ҳамкориҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ анҷом медиҳад.


Ҳамзамон, роҳбарияти донишгоҳ аз ташаббуси Донишгоҳи давлатии Вятск ҷиҳати ташкили курси такмили ихтисос барои омӯзгорони факултети филологияи рус истиқбол намуда, густариши чунин робитаҳои наҷибро ҷонибдорӣ намуд.

Намояндагони Донишгоҳи давлатии Вятски шаҳри Киров ба ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои мусоидат ва ҳавасмандӣ ба густариши ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо изҳори миннатдорӣ намуда, дар робита ба таъмини таҳкими равобит пешниҳодоти муфид манзур доштанд.

Аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба намояндагони Донишгоҳи давлатии Вятск туҳфаҳои хотиравӣ ҳамчун рамзи эҳтирому равобити дӯстиву ҳамкорӣ тақдим карда шуд.

Хотиррасон менамоем, ки дар доираи чунин ҳамкориҳо аз ҷониби намояндагони Донишгоҳи давлатии Вятски шаҳри Киров санаи 15 октябр дар факултети филологияи рус бо иштироки 35 нафар омӯзгоронва санаи 16 ноябр бо иштироки зиёда аз 55 нафар кормандони раёсати донишгоҳ семинари омӯзишии такмили ихтисоси “Забони русӣ ва касб” гузаронида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ