​Ғолибони “Тасвири беҳтарин” қадр гардиданд

Бо ташаббуси садорати факултети санъати тасвирӣ ва технология бахшида ба 16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат озмуни “Тасвири беҳтарин” доир гардид.

Ин ташаббус ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва мубориза бо хушунат унвон мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки ба озмуни мазкур беш аз 20 тасвир пешниҳод гардида, иштирокчиён омилҳои асосии гирифторшавӣ ба зӯроварӣ, пайомадҳои ин зуҳурот ва роҳҳои мубориза бо хушунатро мавриди инъикос қарор додаанд.

Дар маросими ҷамъбастии озмун иштирокчиён тасвирҳои худро муаррифӣ намуда, нигоҳ ва тасаввуроти худро вобаста ба хушунат дар ҷомеа иброз доштанд.

Ҷӯраева Хайриҷон, декани факултети санъати тасвирӣ ва технология таъкид дошт, ки дар факултет ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва таъмини иштироки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбар ва созанда дар самти мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб силсилаи тадбирҳои судманд идома дорад. Ташкили семинар, мизи мудаввар, чорабинии фарҳангӣ, озмунҳои гуногун, ба мисоли “Расми беҳтарин” аз зумраи ҳамин ибтикор унвон шуд, ки дар меҳвари он татбиқи ҳадафҳои Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо зӯроварӣ қарор дорад.

Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ